Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ба ташна чашмаи обу ба гушна қурси нон будӣ,
Ба дасту пои канда аз замину осмон чун нардбон будӣ;
Раҳонӣ то ҳақири бегунаҳро,
Паноҳонӣ фақири бепанаҳро.

Кунун аз шўри дарёҳо бурун ояд нидои ту,
Кунун бархезад аз кўҳу дара акси садои ту.
Занад то парчами сурхе ба тори қуллаи кўҳе,
Кунун сар мекашад лола ба ҷои ту,
Ки сар то по кўҳистонро ту нақши тоза афкандӣ,
Ва сар то по кўҳистон аст нақши бобақои ту.
Ва мо имрўз андар гулшани уммеду армонат
Гули рўи туро бишкуфта бинем,
Гули мақсуд бо дасти ту чинем.

ПАДАРОН

Не ба дил уммеди айше доштанд,
Не ба сар фикри атое аз қазо,
Не ба сина оташи бухлу ҳасад,
Не ба чашм ангезаи рўю риё.

Шеърфаҳму ҳақшиносу ҳақталаб,
Соддаву ҳозирҷавобу хушсухан.
Бо чунин минвол умре зистанд,
Бар ғаму ранҷу ситам нодода тан.

Бо суруди ғамзудо бас солҳо,
Ҷўши хашми худ фурў биншондаанд,
Шукри қути лоямут – вирди забон,
Гарди миннатро зи худ афшондаанд...

Зистанд он сон, ки ғайри гўрҳо
Монда аз онҳо чунин равшан нишон:
Боғҳову қасрҳову растаҳо,
Завқи бедору хурўши ҷовидон.

пешина
аз 264
навбатӣ