Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чӣ мешуд, гар зи рўи шаппаи бурс
Саҳаргоҳам кунӣ бедор, модар,
Ки гови сершири зардамонро
Ба пойидан барам марғи Кабудҷар.

Аз он ҷо навдаи зарбед орам,
Гаҳе бо ваззаю гоҳ пуштвора,
Ту шояд бо таманно чиғ бофӣ,
Ба даври оштон созӣ тавора.

Вале шояд зи роғи чиғ имрўз
Насиби ту шуда чашминтизорӣ,
Хати армони ман тобад ба чашмат
Хати парвози мурғони фирорӣ.

Ту шояд аз ҳаво ҳастӣ ҳаводор,
Ки резад майда-майда боз борон,
Агар борон наборад, ашк борӣ,
Мабодо ки бисўзад марғзорон.

Ту шояд аз калофи абр хоҳӣ
Кушоӣ рағзаи борони ришта,
Агар дастат диҳад бо сўзани барқ
Бидўзӣ ҷомаи сабзе ба пушта.

Ту шояд хоҳӣ шустан яктаҳи кўҳ
Ба кафки абр, чун дар кафки собун,
Ва бо шабнам бихоҳӣ додан оҳор
Сарандозе, ки мезебад ба ҳомун.

Ту азбас нўги раҳро кардаӣ кўк
Ба пилки чашмҳои пурумедат,
Пас аз ин медамад умре сапеда
Ба роҳи ман зи мўҳои сапедат.

пешина
аз 264
навбатӣ