Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мешудӣ бо моҳ пайдо.
Лек акнун ҳар қадар поям туро,
Моҳи рўят рўй аз мо тофта,
Ҳамчу моҳи шомхўрда.
К-аз манат дилсард карданд оқибат
Ошиқонат ҳар куҷое бурда-бурда.

Оҳ, дунё бо умед,
Бори дигар менишинам рўи роҳат,
То ба ранги маҳ бароӣ
Аз паси найзори пушта.
Бори дигар ҳамраҳи маҳтоб оӣ,
Ошиқони раҳзанатро кушта-кушта.

НОМА БА МОДАР

Дилам гум мезанад, эй модари ҷон,
Ба ҳар як резаи санги кўҳистон,
Ту дилтангӣ, ки деҳа тангиам кард,
Манам дилтанг бе танги кўҳистон.

Ҳамехоҳад дилам дар ағба бошам,
Ки боди ағба бе ҳамрав намонад,
Ба рўи зини заврақҳо нишинам,
Ки аспи рўдҳо аз дав намонад.

Чӣ мешуд, ки нависам шеъри тоза,
Чу рақсад гандумак дар боми коза,
Варақ гар мазраи уммед тобад,
Қалам короӣ бошад ҳамчу поза.

Чӣ мешуд, ҳамчу барфе дар сари қир
Бубинам дар сари ту дўшаи шир,
Агар аз шир ояд таъми зира,
Зи ҷурғоту панираш кай шавам сер?

пешина
аз 264
навбатӣ