Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ва ё аз нағмаи субҳонаи кабкон,
Ва ё аз шеҳаи аспон...

Ало, соҳибдилон!
Сабти навои Борбад андар навори хокдону осмон будаст, Чу шеъри Рўдакӣ пинҳон Зи чашми хираи давру замон будаст.
Варо бояст бинюшем,
Ва бояд Борбадро мо дигар чун Рўдакӣ кобем, Дигар созу адояшро
Чу савти рўди шеъри Рўдакӣ ёбем.

ЭҲЁ

Барои донишманди тоҷик Акбари Турсон

То даме тобу табе дар хок ҳаст,
Мазҳаре дар гунбади афлок ҳаст,
Ҷисму ҷонро ҷавҳари идрок ҳаст,
Одамиро фикрати бебок ҳаст;
Нест асло марги мо нобуди мо,
Дар фанои мо бувад мавҷуди мо.

То даме ки будро тағйир ҳаст,
Ҳар куҷо вайронаро таъмир ҳаст,
Зарраи худсозро тадбир ҳаст,
Қосиди эъҷозро табшир ҳаст;
Асли мо моро таваллуд мекунад,
Насли мо моро таҷаддуд мекунад.

То даме ки таъбият бошад қабул,
Синҷ бошад ҷисми мо ё шоҳпул,
Ё сабўи мул бувад ё банди пул,
Ё пари булбул бувад ё барги гул;
Мо ба ранги нав таҷалло мекунем,
Ҷовидон худро муҷалло мекунем.

пешина
аз 264
навбатӣ