Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

НАКҲАТ

Баски овардӣ зи кўи навбаҳор
Гармиҳову нармиҳои киштзор,
Бўи хоку бўи борон мекунӣ.

Баски чун боди фарози гулдара
Бофтӣ мўи дарози шаршара,
Бўи мўи обшорон мекунӣ.

Баски мегардӣ ба рўи қуллаҳо,
Чида гулҳои шарора аз ҳаво,
Бўи моҳи кўҳсорон мекунӣ.

ОШИҚ

Бори аввал мешавад дархурди дард,
Лоиқи фарёди талху оҳи сард,
Бори аввал ҳар касе ошиқ шавад.

Бори аввал сахт сўзад худ ба худ,
Ҳезуми ҷисмаш барорад кўрдуд,
Бори аввал ҳар касе ошиқ шавад.

Бори аввал мешавад эҳёи роз,
Нозпарварди фиғон, мавлои роз,
Бори аввал ҳар касе ошиқ шавад.
НАВОИ БОРБАД

Малойик менавозад ё табиат?
Ман намедонам.
Фақат медонам ин ки менавозад бо самоъи
Борбад умре дили моро
Муғанние,
Ба савти олами улвӣ,
Рубоби обшоронрову рўди рўдборонро.

Шигифто,
Ҷумлаи оҳанги Бетҳовен Ҳамонанде агар бо созҳои арғунуни барқу борон аст, Чаро андешаҳои Борбадро нашнавем аз чак-чаки борони сақфи хонаи нисёнии торих?
Чаро бояд набинюшад Ҳавои Борбадро тоҷике, к-аз рўдбори “Шашмақомаш”
Чўлҳои табъи хушки кўчиён шодоб гардида?
Ва оне, ки ба рағми турктозии замон умре дутори рўзгораш хушсадо буда?
Чаро мо нашнавем аз нағмаи оҳангсози обҳо ё мўяи ромишгарони бодҳо Оройиши хуршеду
Нўшинбодаву Нахчиргониро, Ва ё Аврангию Кайхусравию Меҳргониро?
Ва ҳар соҳибдиле бояст бинюшад Навои Борбадро аз садои шир дар дўша ва ё саргўшии борон Ба гўши баргҳои ҷангали анбўҳ, Ва аз савти найи чўпону фарёди рама дар толаҳои кўҳ.
Варо бояст бинюшид аз ёҳуи кафтарҳо

пешина
аз 264
навбатӣ