МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

БУРС
Ба ёди Ҷамоат Ҳаётов
Кабкҳо хомўшу овози табар
Ларза афканда ба ҷони арчазор,
Оҳи ҷангал медиҳад гўё садо
Дар ғиреви рўдҳои раҳгузор.
Шўр бар сар, нола бар лаб тундбод
Мотаме дар бешазорон мекушуд,
Рўю мў меканд яксар шохсор,
Ҷангали анбўҳ кони гиря буд.
Арчае афтоду бо рези равон
Рехт чун ашки шаху шахпора барг,
Сангҳо беҷо шуданду шўр хест
Дар азои навчабурси ғўрамарг.
БАҲОР
Лаби домон ба даст абри фирорӣ
Зи нав бар киштгаҳ гавҳар фишонад,
Чу деҳқоне ба вақти донакорӣ.
Навои рез-рези резаборон
Муборак бод, ҳамсолон!
Ба рўи сабзаҳои навдамида
Шафақ гарди хазина пошад аз нав,
Шарархез аст адири намкашида.
Дилороии ҳусни сабзазорон
Муборак бод, ҳамсолон!
Ба дилҳо орзуи дилрабоӣ
Нишаста духтарон дар офтобак,
Ба кокулбофию бар мўкушоӣ.
Умеди тозаи дилбеқаророн
Муборак бод, ҳамсолон!
Зи нав аз теғи хуршед аст пора
Либоси сап-сафеди барфии кўҳ,
Ҷариро гум шуд аз ях гӯшвора.
Ҳарири сабзранги кўҳсорон
Муборак бод, ҳамсолон!
Дили шўридаи дарёи лойоб
Зи шавқи бехудӣ гардида лабрез,
Ки хезобаш надорад ҳеҷ поёб.
Паёми рўдҳо бар киштзорон
Муборак бод, ҳамсолон!
ХИРМАНИ МАҲТОБ
Шамоли коҳолуде гузар кард,
Ба хирманкўбиям аз нав хабар кард,
Гули каҳро чу баргак аз ҳаво рехт,
Саропои маро пурсиму зар кард.
Ва ёри бодгар омад ба ёдам,
Басо имдодгар омад ба ёдам,
Ба чашмам хирмани уммед тобид,
Вале барбодгар омад ба ёдам.
Зи нав аз сина бар шуд яккафарёд:
Куҷоӣ додгар, эй дод, эй дод!
Шамоли доманашро ёд кардам,
Куҷост он бодгар, эй бод, эй бод!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё