МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Куҷо бе чашмаҳо ҷўше занад дил?
Куҷо шодона бе дарё давам ман?
Куҷо бе кабкҳо хонам тарона?
Куҷо бе пайраҳа ҷое равам ман?”
Парешону ғамин чўпони пире
Лаби дарёчае биншаста танҳо,
Ҳам ў андар сукут, ҳам кўҳи саркаш,
Ҳам ў ошуфтадил, ҳам мавҷи дарё.
КОРГОҲИ АНЗОБ
Дидам ба завқ омада дарёи беқарор,
Сар баркашида аз шавқ кӯҳҳои бурдбор
Бар бозуи матин,
Кафҳои пинадор.
Акси садои чаккушу овози пармаҳо.
Печида бар таронаи дилҷӯи коргар,
Оҳанги обшор.
Дар осмони дидаи мардони кӯҳкан
Барқи шуҷоат аст,
Дар гунаҳои бошафақ ҳамрангашон ҳама
Субҳи саодат аст.
Дилҳо зи шавқи нусрату пирӯзиҳои нав
Чун чашмаҳо ба ҷӯш,
Ғайрат даруни синаҳо рӯдест пурхурӯш.
Фонусҳои равшани рӯи кулоҳашон
Ҳамчун ситора нурбор аз тори кӯҳи Фон.
Пармагарон, ки ҳар яке чун як таҳамтананд,
Ҷарроҳи қалби кӯҳ,
Кашшофи махзананд.
Дидам ба сунъи бозуи эъҷозкорашон
Боло кашида қомати ин кӯҳи сангзор,
Аз даст дода ин дара оромии абад,
Дунёи растахезро оварда бар канор.
Бо зарбҳои чаккушу бо сози чархҳо,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё