Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ШАДДАИ ГУСАСТА

Туро ҷўям ба сад умеду армон
Зи нав дар рўшноии сапеда,
Кабўтар рез дорад аз сари шах,
Ба рўи майсаҳои навдамида.

Сапеда чок карда ҷайби шабро,
Баёзи гарданат бар ёд орад,
Рабуда зевари моҳу ситора,
Варо бар ҳуққаи мино гузорад.

Ману пиндор, дарёву ҳаёҳу,
Тамошое кунад аз дур оҳу,
Хами гулсангҳо танҳову сархам
Шиносандам кабўтарҳои ёҳу.

Кабўтарҳо парафшонанду гўё
Ба ҷавлон омада пироҳани кўҳ,
Мисоли шаддаҳоят ҳалқа банданд
Ба даври чашмаҳои гардани кўҳ.

Баногаҳ тармае аз теға лағжид,
Сукути кўҳсоронро шикаста,
Ба сони тарма шуд барчош тарма,
Кабўтарҳо гулӯбанди гусаста...

Хаёлам бо кабутарҳо парафшон
Миёни толаю талҳои гулхез,
Дарахти ҳасратам дар шебрӯя
Миёни арчаҳо гулрезу гулбез.
ЛОБА

Бо ман биё,
Биё,
Ранҷида омадӣ магар аз ёри бевафо?
Ман дар миёни шўълаи сўзони ишқи ту Умре самандарам,
Ман дар дили шикастаю озордидаат Хоҳам умеди тозае аз меҳр парварам.
Парво макун, ки мавҷае бар соҳилат фиканд, Ман мавҷи дигарам, Бо ман биёӣ, мерасад бар осмон сарам.
Умре даруни синаам ноошно ғаме Фарёд мекашид,
Ёди шамоли доманат бар хирмани хаёл Чун бод мерасид.
Бо ман биё, ки бе рухат як партаве надошт Шабҳои бекаронаву хомўшу тори ман, Буд осмон бемаҳе бе ту канори ман.
Бо ман биёӣ бо умед, Субҳи вафо дамад,
Пайроҳаҳои орзу аз нав шавад сафед Дар раҳгузори ман.
Бо ман биё, ки мо
Не кўҳнаему не навем Дар оламе, ки ҳамравем.
Як бор омадем,
Як бор меравем.
Аз бедиёнате агар доғи ҷудоӣ монд, Монад зи ман вафо, Бо ман биё,
Биё.

пешина
аз 264
навбатӣ