Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Арзи ҷовидон шоҳид:
Бухороро агар мо рўдакивор Осмон гўем,
Замоне аз Ситора1 Бўалӣ омад.
Аз ин рў,
Бўалӣ аз ҷумлаи баҳсу мағал болост,
Ки ў фарзанди ахтарҳост.

ЯК САДУ ҲАШТОДУ ШАШ

Истилогарони фашистӣ дар
Белоруссия 186 деҳаро бо одамон оташ заданд.

То кунун аз ҳасрати сору ҳазор,
Аз ғави тутпухт,
Дареғохонҳои обшор,
То кунун аз нолаҳои барфбод
Мешавад такрору такрор
Достони як саду ҳаштоду шаш деҳе, ки сўхт.

То кунун бо хашми мо
Аз чашми мо
Шўъла хезад – шўълаҳои ҷовидон, Аз миёни шўълаҳо сар барзанад пиру ҷавон, Аз ғазаб саршор чашмон, Синаҳо лабрез аз сўги ниҳон.

То кунун дар ёди мо
Оташи хунолуда сар мекашад,
Он ҳама хумдони тафсон
Ҳамчу аждар одамиро як ба як дар мекашад,
Нафрати моро замини бурдбор
Бар сияҳкорони таърихи башар
Бо тарозуи ҳама давру замон бар мекашад.

1 Ситора – ишора ба модари Ибни Сино – Ситорабону.

пешина
аз 264
навбатӣ