Зеҳн
МЕОЯМ АЗ ШИГИФТ

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 264 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Кош, эй кош, мазраи анҷум
Дар фалак буд киштаи гандум,
Хирман оростӣ падар, к-олам
Орӣ бошад зи гушнаи маъсум.

Кош афлок суфраи шабро
Шаб ба маҳтоби кулча бикшодӣ,
Модарам канда аз само онро
То ба дасти гуруснае додӣ.

САВТИ ГИТОР

Хоҳам эй дўст,
Бо суруде таҳти оҳанги гитор
Гўиям боз:
Ёд ору ёд ор,
Як замон аскар будем,
Дур афтода ба чашми модарон
Дар само ахтар будем.
Модарам чун модарат буд интизор,
Дилбарам чун дилбарат уммедвор.

Хоҳам эй дўст,
Ҷўр бошад то баму зери гитор
Боз бо овози по дар раҳгузори аскарон,
Бо суруди болдори аскарон
Чун дуруди меҳрбори аскарон.
Ҳам ба савти шарфаи барги хазон,
Нағмаҳои табли борон,
Ҳам ба савти навҳаи оби равон,
Боз ҳам то обшори савтҳо
Бар дилам резанду резанд,
Боз ҳам то обхези савтҳо
Аз дили шўрида хезанд.
Хоҳам эй дўст,
Бо ту дар ҷангал нишинам, Бо ту аз нав гул бичинам, Ояд аз гулҳои ҷангал Бўи ашъори Есенин, Бо навои андалебон Ояд аз лаҳни гиторат Тарзи гуфтори Есенин, Арзу изҳори Есенин.
Ҷангали Рус –
Ҷангали анбўҳи Рус Лаҳзае бо шеър сармастам кунад, Лаҳзае бо шеърҳои шодию андўҳи Рус.

Хоҳам эй дўст,
Дар сари қабри шаҳиди корзор
Боз гирёнад маро
Савти маҳзуни гитор.
Дарди ман сад дард гардад,
То сиришкам дона-дона
Резаду рўяд баҳорон,
Гул шавад дар чашми ёрон.

пешина
аз 264
навбатӣ