Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Нафаҳмидам, ту чиро дар назар дорӣ?
Охир, ман китобфурӯш набошам, – ба кораш машғул гашта, аслан ба гуфтаҳои ман сарфаҳм намерафт акаи Саидвалӣ.
– Акаи Саидвалӣ, илтимос, ҳамон китоберо, ки варақҳояшро даронда ҳар чиз мепечонед, ба ман бидиҳед.
– Ман китоб-питоб надорам, бирав дар вақти кор ғам нате, бача!
Ман барои он, ки каме дилашро мулоим кунам, ба тоза намудани болои мизаш машғул гаштам. Чанд бори дигар низ хоҳишамро такрор кардам. Вале ӯ ё кораш зиёд буд, ё хушаш намедод, ки аз паи иҷрои илтимоси ман шавад. Худашро ба нодонӣ андохта корро кашол медод. Ман ҳам барои дилашро ба даст овардан, боз ҳам бо саъю талоши беандоза ёрияш мекардам. Ин лаҳза хостам заҳматамро бибинад ва рӯи мизи пешашро бо тамоми қувват пуф кардам. Аммо гарду хок ба боло нарафта, рост ҷониби акаи Саидвалӣ равон гашт, ки ин замон хам шуда, як қуттӣ қандро аз замин ме-

пешина
аз 95
навбатӣ