Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Худо гӯед, аз ин бадтар накунад.
«Дидагиҳо пушаймон, надидаҳо дар ормон», гуфтагӣ барин боз пушаймон нашавед? – боғбони пир ба насиҳат гузашт. Ӯ аз рӯи меҳру муҳаббати зиёд ба ин ниҳолакони нозук ғамхориҳои беназире нисор менамуд. Мисли фарзандони худаш, балки бештар аз онҳо дӯсташон медошт. Ҳарфҳои дилашонро гӯё мехонд аз авроқи зеҳнашон.
– Ҷонамон аз ин ҷо халос шавад, шуд. Наход аз ин ҳам ҷои ногувортаре бошад?- мепурсиданд аз якдигар.
– Аз ман чӣ бадӣ дидед, ки азми рафтан ва тарк карданамро доред? Ман бо ҳазор умеду орзу шуморо мепарварам?
– Мӯйсафед худашро таъриф дорад, – писханд гирди лабонашон тоб хӯрд.
Пас аз чанд муддат барои ҷое рафтан омодаашон намуданд. Аз хурсандӣ ҷои нишастан намеёфтанд.
– Худо дод. Меравем аз ин ҷои дилбазан.
– Куҷо будааст, ҷои наватон, ҳамсояҷон? – бо ҳасрат мепурсид яке.
– Як водии офтобрӯяву дилнишин, – болои сӯхтаи дилаш намакоб мепошиданд.

пешина
аз 95
навбатӣ