КИТОБИ ОРЗУҲО

то ҳамаашро дар замин резонад? Ин мошинҳо пури обанд, барои гулҳои шаҳрро об додан!
Ҳозир аз маркази шаҳр обпоширо сар мекунанд!
– Гулҳоро об медиҳанд? Дар ин нимрӯзӣ?
Дар ин гармо, охир, ду дақиқа пас ҳама обҳо бухор мешаванд. Падарам дар қишлоқ гулу зироатҳоро бегоҳӣ ё шаб об медоданд, то оби додаашон зуд бухор нашуда, нам дар замин бештар бимонад.
Акнун холаи дилсӯзи моро ғами гулҳои шаҳр гирифтааст, ки бо ин тарзи обпошӣ нашъунамои хуб накарда аз байн мераванд.
– Эй кош, ба ҳамон таксиям мерафтаму зуд бармегаштам. Ин қадар «стресс»-ро намедидам ва ба ғамҳои дилам ғами дигаре зам намешуд. Ду сум «эконом» кардаму сад сум ғам харидам!!! – хулоса намуд холаи Садафмо.
Панди боғбон
Ниҳолакони нозукандому мӯрчамиён бо вазидани боди сард ларзиданд. Домони шикваро алвонҷ доданд.
– Эҳ Худо, кай мо аз ин Хунукистон ҷонамон халос мешуда бошад?
– Ҳамонро гӯед, ҳамсояҷон, расо дилам танг шуд-дия дар ин ҷои тангу торик.
– Канӣ як ҷояки офтобӣ ва кушоде, ки роҳат карда офтоб хӯрию шоху навдаҳоро баҳузур рост. Дар паси буттаи калон соҳиби боғро надида, навниҳолакон ғубори дилашонро тоза мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё