Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

аз «индиский» садҳо бор пурмоҷаротар аст ва ин бароямон кофист. Барои ҷисми хаставу афгори мо шабона «хоби хушу бофароғат» зарур аст, то ба фардои пурҷӯшу хурӯш бо қувваю нерӯи тоза қадам бардорем.
– Апа, ба Қароболо расидем! – гуфтани ронанда риштаи хаёлҳоямро канд. Ҳисобӣ карда, бо гомҳои қавию устувор тарафи бинои лозимӣ ҳаракат кардам. Аз ғаму ғуссаам хабаре набуд, мисли абрҳои баҳории зудгузар осмони диламро кушоданд. Офтоби умеду орзу ва хушбахтӣ дар замирам партавфишонӣ мекард. Ин ҳама натиҷаи таъсири сеҳрангези як «Салом» буд. Иншоаллоҳ саломатӣ бар ман бармегардад!
Бешак дар гирдоби пуршиддати зиндагӣ дармонда, аз баъзе дастуроти воқеъан судманду арзишманд сарфи назар менамоем. Дар ҳоле, ки он чизе ба мо бештар зарур асту ба он ниёз дорем, саломатию хайру баракат мебошад. Бинобар ин, лозим мешуморам, ки дар сароғози ин дафтар ба хонандагонам чунин муроҷиат кунам: «Ассалому алайкум, рӯзатон ба хайр»!!!

пешина
аз 95
навбатӣ