КИТОБИ ОРЗУҲО

анд ва танҳо ӯ гап зад. Лекин гуфтораш беасар буд. Беҳуда намегӯянд: «Сухан гуфтан нуқра бошад, хомушӣ тилост».
– Охир, дигарон низ бояд сухане мегуфтанд, на ин ки бепарвоёна тамошобин бошанд.
Чаро ба тақдири худашон ин қадар бепарвоянд ин мардум??? – дилаш туғён мекард.
Ниҳоят баъди миқдори зарурии мусофирон ҷамъ шудан автобус ба ҳаракат даромад. Каме банди ҳамин фикрҳо буд. Дилаш кам-кам ором мешуд. Ба тамошои шаҳр машғул дошт худашро. Ногаҳон чашмаш ба саҳнае афтод ва як лаҳза мисли барқзадае карахт шуд. Баробари автобуси онҳо мошини бензинкашӣ ҳаракат мекард. Маълум буд, ки мошин пурбор аст, аммо чӣ боре? Бори маргборе! Бензинро чунон пур кардааанд, ки аз лабҳои новаи мошин ҷорӣ буд ва ба бари бордони мошин шорида ба замин мерехт.
– Чӣ дарди зарур доред, ки ин қадар пураш мекунед? – худ ба худ ғур-ғур кард. Гӯё ғоибона соҳибони борро танбеҳ медода бошад.
Дар ин вақт яке нақлҳои ҷолиби падари ҳикоягӯяш ба ёдаш омад ва лаҳзае дар лабо-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё