КИТОБИ ОРЗУҲО

Холаи Садафмо
Холаи Садафмо дер боз ба автобус нанишаста буд. Ҳамеша саросема мегашту мехост баробари ба роҳ баромадан ба таксие нишаста, ҳар чӣ зудтар ба хонааш бирасад. Аммо ин рӯз рӯзи истироҳат буд.
– Куҷо саросема шавам? Рӯзи корӣ набошад. Баҳузур ба автобус нишаста, рафта харидамро карда бармегардам. Камтар «эконом»
карданро ёд гирам-да. Хӯрокамро ҳам, ки барвақт омода намудаам! – бо ин андешаҳо ба автобусе, ки дар назди истгоҳ меистод савор шуд.
Ягон 10 дақиқа сипарӣ шуд, вале автобуси нимапур хаёли ҳаракат карданро надошт. Як ками дигар мунтазир шуд, аммо ҳавсалааш сар рафта, аз пулчинак пурсид:
– Ҳаракат намекунед, додарҷон?
– Куҷо саросемаӣ, хола? Пур шавад ҳай мекунем!
– Оҳо, то ин пур мешавад, ки рӯз нимрӯз мешавад. Хуб, дар роҳ, ки боз мардум бисёранд!
– Хола бисёри бад дерат шуда бошад, марҳамат, ба таксӣ бирав, дар ду дақиқа ба ҷою маконат мерасонад. Ин автобуси давлатияй. Мо «план» гуфтанӣ гап дорем, мефаҳмӣ холаҷон?! Так что ё тинҷакак бишин, ё бо таксӣ бирав!
Холаи Садафмо рӯяшро тарафи тирезаи автобус гардонда, вонамуд кард, ки берунро тамошо дорад ва суханҳои ҷавонро нашунид, аммо дар асл дар шарму ҳаё гум шуда, аз гапи гуфтааш пушаймон шуд. Дар дилаш худашро мазаммат мекард, ки чаро эътироз баён кард, чун ҳама мусофирон ба баҳси онҳо таваҷҷуҳ карданд. Вале барояш ҷои суол буд, ки чаро дигарон дар даҳон об гирифта, ором нишаста-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё