Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

доду фарёди Саодат баланд шуд. Аввал ҳайрон шуданд, ки ин садо аз куҷост? Бо нигоҳ ин тарафу он тарафро меҷустанд. Ногаҳон як кӯраи оташин аз ошхона берун шуд. Волидайни бечора ба чашмонашон бовар накардаанд. Фикр карданд, ки хобанду ин ҳамаро дар хоб мебинанд. Охир ин кӯраи оташин Саодати сиёҳбахташон буд, ки худашро оташ зада...
– Оча, очаҷон ҷонма бихар, ки дилу ҷигарам рехт – аз падару модар ёрӣ хост духтари дар коми оташ афтода.
Онҳо чанд сонияе лолу пакар ба ӯ нигариста, чӣ кор карданашонро надонистанд. Дар доду ғиреви духтарашон ҳамсояҳо зуд ҷамъ шуда, ҳар яке кореро, ки аз дасташ меомад, анҷом медод. Мехостанд бо ҳар роҳе оташро хомӯш кунанд, вале бефоида буд. Оташ қисми зиёди ҷисмашро фаро гирифта, дар оғӯши сузону тафсони худ бирён мекард. Саодат ҳам аз сӯзиши ҷону тан як ҷо ором нагирифта ба ин тарафу он тараф медавид ва дасту по мезад.
Ин кораш ба оташ ёрӣ мекарду ба шахсоне, ки ёрияш омада буданд, халал мерасонд. Ниҳоят зани бобои Ҷӯрабек як гилеми бузургеро бардошта овард ва кӯшиши бо он Саодатро пе-

пешина
аз 95
навбатӣ