КИТОБИ ОРЗУҲО

мекард, ки аз пушташ масхара карда бо ангӯшт нишонаш медиҳанд. Худашро шармсор ва беобрӯ эҳсос мекард. Баъди ҷанҷоли имрӯза ҳолати рӯҳияш дигар хеле бад гашта буд. Лаҳза ба лаҳза аҳволаш хароб мешуд. Дигар фикр мекард шарманда аст. Не. Шарманда буд ва худашро боз ҳам шармандатар эҳсос мекард.
– Дигар ман барои чӣ зиндагӣ кунам?
Зистанам маъно надорад. Аз рӯи ман падару модари азизам ҳамеша дар азобанд, баробарам месӯзанд. Эҳ, Худоҷон, ҷонамро бигир, ки аз ин шармандагиҳо халос шавам!
Ногаҳон чизе ба хаёлаш расид магар, ки зуд аз ҷояш хеста, ҷониби ошхона равон шуд ва ҳамзамон зери лаб пичир-пичир мекард:
– Бас аст, безор шудам, дигар наметавонам!
Ин лаҳза падару модар бо хоҳару додаронаш аз кори заминашон баргаштанд. Бачаҳои Саодат дар лаби долон менишастанд. Сари баставу хунолуди Салимҷонро дида, ба таҳлука афтоданд. Бо хотири парешон аз Шаҳноз пурсиданд, ки чӣ гап шудааст? Саргарми аҳволи фарзандонаш буданд, ки садои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё