Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ассалому алайкум

Бисёр саросемаву бо табъи гирифта сари роҳ баромадам. Дилам хиҷил буд, ки ташхиси супоридаам, бо чӣ натиҷа анҷом мешавад? Оё тахмини духтур тасдиқ мешавад ё рад? Худоё, фақат тасдиқ нашавад.
Дер шуда истодааст. Аввалин таксии пешомадаи холиро боздоштаму зуд нишаста, барои дақиқтар фаҳмидани вақт ба соати телефонам назар андохтам. Ин дам садое ба гӯшам расид, аммо сухани гӯяндаро нафаҳмидам.
Чизе гуфтӣ, додарҷон? – муроҷиат кардам ба ронанда.
– Гуфтам, ки ассалому алайкум, апа, рӯзатон ба хайр! – посух дод ӯ.
Фикр кардам, аз хешон ё пайвандони дурест, ки барои ман ношинос аст. Синчакорона каме нигоҳ кардам, вале ҳеҷ нашинохтам, ки нашинохтам. Бинобар ин пурсидам:
– Бибахшед додарҷон, шуморо нашинохтам...
– Ман хешу табор ё аз шиносҳои шумо нестам, танҳо одатам ин аст, ки бо касе рӯ ба рӯ шавам ё ба мусофиронам ҳатман салом медиҳам. Албатта, аз як тараф бигирем, ҳамаамон фарзандони Бобои Одам ҳастему бо ҳам пайвандии азалӣ дорем, вале ин нуктаро дерест фаромӯш кардаем. Қариб ҳама шахсоне, ки саломашон медиҳам, аввал ҳайрон мешаванд, ки чаро саломашон додам, бовар мекунед, апа?...
Ростӣ, чаро мо вақтҳои охир ин расмҳои хуб – салом додан, рӯз ба хайр, шаби хуш орзу намуданро тақрибан фаромӯш кардаем? Ба ҷои салом «Чӣ хелӣ»-ро истифода мебарем, ки на он қадар гӯшнавозу мувофиқи мақсад мебошад. Агар аввал салом диҳему пас аз он пурсем, ки: «чӣ хелӣ?», бисёр хуб мебуд. Дар ҳоле ки салом додан аз нигоҳи дини мубини Ислом мустаҳаб асту посухи он аз воҷибот ба ҳисоб меравад. Саломро қарзи Худо мегӯянд, саломи касеро ба касе расондан низ қарз мебошад, яъне, онро ҳатман бояд расонем, то дар дӯшамон қарз намонад. Дар деҳаҳо ва маҳаллаҳои хурдтар, ки ҳама сокинон маъмулан якдигарро мешиносанд, ба ҳам салом медиҳанд, ҳатто, ба шахсоне ҳам, ки намешиносанду ноошноянд. Вале тасаввур кунед, агар дар шаҳри Душанбе ба роҳгузаре ё умуман одамони ношиноси атрофамон, салом диҳем, бегумон, моро девонаву ба қавли маъруф «бешарик ва 99» мешуморанд.
Субҳ ба хайр, рӯз ба хайр, шом ба хайр - талаби хайр намудан ба атрофиён яке аз беҳтарин амалҳост. Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Россия ин гуфтаҳо ба ҳукми анъана даромадаанд ва ҳамеша мавриди истифода қарор мегиранд. Солҳои зиндагиям дар Россия инро зиёд мушоҳида кардаам. Ҳангоми субҳ аз хоб бархостан ҳатман аҳли хонавода ба якдигар «Доброе утро» (субҳ ба хайр), рӯзона «Добрый день» (рӯз ба хайр), ҳангоми шом «Добрый вечер» (шом ба хайр) гуфта, рӯзи хушу

пешина
аз 95
навбатӣ