КИТОБИ ОРЗУҲО

рафтанаш мегӯяд: хуб шуд, ки рафт, дафъ шуд, паяш канда! Ин ҳолати асабоният ва сарвайронӣ зуд мегузарад ва боз хоҳони бозгашти шавҳар мегардем. Вале агар дуоямон мустаҷоб шуда бошад ва паяш аз хонаамон канда шавад, баъд дар он ҳол, «худкардаро даво нест».
Боре дар айёми кӯдакӣ бибиямро, ки аз хона берун мебаромад, «ваҳ» гуфта сахт тарсонидам. Бечора кампир интизори чунин садои баланди ногаҳонӣ набуд ва хеле ваҳмид. Дар ҳамон ҳолати ҳаяҷону тарс ногаҳон аз даҳонаш ин сухан баромад: «Эъ, хок дар сарут». Вале сонияе пас ба худ омаду аз ҳарфи гуфтааш пушаймон ба даргоҳи Илоҳӣ тавбаву надомат мекард:
– Худоё, Ҳаққо, Парвардигоро, аз гуноҳам бигзар, лаҳзае ғофил мондам. Шайтон васвасаам кард, Худоҷон, дуоямро бигардон, қабулаш накун, бибахшам.
Баъд гирякунон ба оғӯшам гирифту гуфт:
– Бачам, дигар ҳеҷ вақт ин аҳмақиро накун, фаҳмидӣ? Ба ин корат ҳам худатро дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё