Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

зеҳнам садо медоду ба асабам таъсир мекард.
Воқеъан чаро мо дар ҳаққи якдигар дуоҳои бад мекунем? Ҳамсоя ба ҳамсоя, дугона ба дугона, рафиқ ба рафиқ, зан ба шавҳар ва ғайра, ҳатто, модар ба фарзандаш раҳм накарда, аз хурдӣ дар ҳаққаш тамоми дуоҳои бади гӯшношунидро мекунад. Вақте фарзанд ба воя расида, ба мушкиле, ба мусибате гирифтор шуд, аз Худо домангир мешавем, ки:
– Барои кадом гуноҳамон? Чӣ хатое аз ман, аз фарзанди ман сар зад, ки ба ин мушкил, ба ин мусибат гирифторамон кардӣ?
Аввалан бояд фаромӯш накунем, ки дуо худ ибодат аст. Дар Қуръони маҷид, сураи Муъминун, ояти 60 чунин омадааст:
«Ва Парвардгори худатон фармуд: Маро бихонед, то шуморо иҷобат кунам. Касоне, ки аз ибодати ман (яъне дуо) истикбор меварзанд, зудо, ки ба хорию зорӣ вориди дӯзах шаванд».
Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи васаллам) фармудаанд:»Дуо силоҳи муъмин, сутуни дин ва нури осмону замин аст».
Пас, дуо, ки силоҳи муъмин бошад, чаро

пешина
аз 95
навбатӣ