Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

намегӯйӣ, ин бандаҳои бечорат дар ин бебарқию беҳезумӣ чӣ рӯзи сахте ба саршон меоя? Ма ҳолӣ ба бачаҳома ягон либоси гарм нахаридам. Ту чӣ?
– Не, ҳамсоя, мо ҳам нахаридем, либосҳои порсолаашон барои имсолашон мешаванд, ту ҳам агар нахарӣ мешавад, соли гузашта якҷо харид карда будем-ку?
– Эҳ, бояд шуста ягон ҷо мегузоштам, аммо беҳавсалагӣ кардаму таг-таги по гашта, мисли ҷандапора гаштиян, акнун маҷбурам, ки аз сари нав бихарам.
– Либос мегӯяд: «Ту маро нигоҳ дор, ман туро шоҳ медорам». Айби зимистон нест, ҳар чӣ ҳаст айби худамон аст. Зимистонро бин, чӣ қадар зебову гуворост.
Каме аз бино дуртар бурдамаш. Панҷаи дастамро аз барфи сафеди дурахшон пур карда, ба сӯи Нигора бурдам ва гуфтам:
– Бибин, чӣ қадар дилрабост, сафедию ҷилояш чашмро мебарад. Мисли алмос медурахшад. Магар ин барф бо ин ҳама хубию покӣ бад буда метавонад? Туро намедонам, лекин барои ман барфи сафед мояи ҳамаи хушбахтиҳоям буду мемонад. Як лаҳза биё, даврони тифлиамонро пеши рӯ биёрем, шах-

пешина
аз 95
навбатӣ