КИТОБИ ОРЗУҲО

кораш идома медод. Аз дард ба худ мепечидам, аммо аз тарси он, ки ба духтурам баранд ва ангуштамро буранд, доду фарёд намекардам.
Ростӣ, як далели дигари девонагӣ накарданам ин буд, ки якто-нимто ҳамсояҳо аз қазия огоҳ шуда, ба ҳавлии акаи Абдураззоқ меомаданд.
Оҳувоҳкунон сар меҷунбониданд. Изҳори таассуф мекарданд: «Кори хуб нашудааст. Ягон балояш бикунен, набошад духтар бечилик мемона.» Чӣ гуна сар задани воқеаро аз модарам пурсон мешуданд. Модарам маҷбур буд, то ба ҳар яки онҳо, ки ба ҳавлӣ медаромаданд, ҳодисаро нақл кунад. Ман дар назди ин қадар издиҳоми зиёди ҳамсояҳо гиряву зориро ба худ ор медонистам, вале беовоз мегиристам. Аз зури дард ашки чашмонам мерафтанд. Бесадо, бегиря ҷорӣ мешуданд ба рухсораҳоям ва ман бо дасти дигарам онро пок мекардам. Фикр мекардам, ин азобам абадист. Ин қадар тӯл кашид. Гӯё сад сол аст, ки зери дарду ранҷ гирифторам. Ших-ших-шиху ших. Фақат як овоз дар гӯшам буд. Ин овози аррачаи оҳанбурии акаи усто то дер гоҳ дар гӯшҳоям садо медоданд. Пушаймон шудам. Ҳамин қадар пушай-

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё