КИТОБИ ОРЗУҲО

– Не очаҷон, бигираш, ҳама маро масхара кардестан, «дум дора» меган.
– Эҳ, девонача, онҳо, ки худашон ин гуна куртаи зебо надоранд, аз бахилӣ ҳар чӣ мегӯянд. Баъд ту ғам мехурӣ? Одам бояд фикри худашро дошта бошад. Ҳар коре, ки дар зиндагӣ бикунӣ, касе пайдо мешаваду ҳарфе ба ту мезанад, вале ту каллаи худатро кор фармо. Як ба сару либосҳои худашон аҳаммият бидеҳ, чӣ мепӯшанд. Як куртаро як ҳафта ба бар мекунанд, ки дар чирку хок гум мешавад. Ақалан ҳамонро тез-тез шӯста намепӯшанд, ки як зарра тозатар бошад, хушрӯтар бошад.
Баъди дилбардориҳои модарам каме оромтар шуда баргаштам сари бозиям.
– Клтата ай кҷо халидӣ, Дил? – пурсид як дӯсти аз ман хурдтарам бо ҳавас ба куртаам нигоҳ карда.
– Очам духтай.
– Кайфат, очаи ма ихелӣ духта наметона.
– Ягон «материал» биёр, ба очам мегӯм, то барои ту ҳам бидӯзад.
Аз шодӣ чашмонаш барқ заданд ва бо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё