Зеҳн
КИТОБИ ОРЗУҲО

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 95 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Оҳой, дӯстам, боз язна ба ягон оимчаи «фасон» ҳушаш наравад. Он вақт пушаймон мешавӣ, аммо судат намекунад. Ё шояд язна намегузорад, ки худатро оро диҳӣ?
Рашк мекунад? Хайр, росташро гӯй, асли воқеа чист?
– На ину на он.
– Чӣ тур на ину на он? Пас, чӣ?
– Эҳ, дугона, зеварбадбинии ман реша дар гузашта дорад, дар гузаштаи дур.
– Оҳо, хеле ҷолиб, бигӯ бишнавем, дӯстам.
– Ин қиссаи дуру дароз аст. Дар байни бозор намешавад онро нақл кард.
– Ман дар сари роҳ, берун аз бозор як қаҳвахонаи олӣ дидаам, он ҷо меравем. Сари як финҷон қаҳва нақли туро аз дилу ҷон гӯш мекунам.
Он вақтҳо хеле хурд будам. Шояд синфи як ҳам намехондам. Оре, дақиқ намехондам, чун соли аввали мактабрав шуданам, хоҳарам ба дунё омада буд. Аммо ҳангоми рух додани ин воқеа асаре аз Меҳрафрӯз набуд. Фарзанди аввалӣ будам дар хонадон. Ва табиист, ки ҳама лутфу меҳрубонии волидайни ғамхорам

пешина
аз 95
навбатӣ