Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МОДАР

Пас аз модар нигоҳи меҳрубоне дидаӣ, оё?
Чу ҳаҷри модар, эй дил, имтиҳоне дидаӣ, оё?

Ҳама афзуд ранги тоза дар ин достон, аммо,
Бад ин сон нотамомӣ достоне дидаӣ, оё?

Ту, эй дил, мурғаки овораи садояшгашта,
Мисоли чашми модар ошёне дидаӣ, оё?

Басе нону намак дидем, аммо ростӣ, эй дил,
Чу қалби модарам густарда хоне дидаӣ, оё?

Бидидӣ бас нишоту ғам, вуҷуди мардуми олам,
Вале чун модар, эй дил, ҷони ҷоне дидаӣ, оё?

пешина
аз 76
навбатӣ