Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистони азизам, боргоҳи бахти ман,
Маснади иқболи ман, ҳастию тоҷу тахти ман.
Такяам бар мардуми соҳибдилат бошад мудом,
Пуштибонам гаштаӣ дар рӯзҳои сахти ман.
Дар канорат ёфтам ман хонаи ободи хеш,
Бо ту будам рӯзҳои шоду ҳам ношоди хеш.
Зодгоҳи ман туӣ, эй чашмаи илҳоми ман,
Бар ту мебахшам тамоми дафтари эҷоди хеш.
Як дугона бо дарахтони қади роҳи туям,
Ҳар куҷо шодишарики ту, дилогоҳи туям.
Ҳусни рӯи ман гирифта вом аз моҳи шабат,
Симгун, нозукадо чун шеди бегоҳи туям.
Тоҷикистон, то ҷаҳон боқист, номат зинда бод,
Ҳамканорат ҷовидонӣ ишқ боду ханда бод,
Ҳар ки ношукрӣ кунад аз файзи ту файзаш мабод,
Ахтари бахту саодат бар сарат рахшанда бод!!!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё