Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданКИ НАГӮЯМ АЗ КУРУНО...
Ба кадом ҷуръате ман зи нигоҳи ёр гӯям?
Ҳама дар ғами Курунову ман аз баҳор гӯям?!
Зи сукути шаҳри холиву сукути ҷодаҳояш
Ба куҷо барам шикоят, ба чӣ шаҳриёр гӯям?
Ҳама ҳасратам аз ин дил, дили пурфасонаи хеш,
Ки ба инзиво чӣ ҳарфе ман аз интизор гӯям?
Чӣ ҷафост, эй Худоҷон, ки салом рафта аз ёд,
Ба ҳам омадан хаёлеву ман аз канор гӯям...
Ҳама илтиҷоям, охир, бубар ин вабо зи шаҳрам,
Ки нагӯям аз Куруно, дигар аз баҳор гӯям...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё