Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданБАРОИ ПАРВИН
Як духтари хушҳол ман,
Хушрӯзу хушиқбол ман,
Пар мезанам бар сӯи нур
Чун мурғаки хушбол ман.
Ҳамсоли Истиқлол ман,
Ҳамболи Истиқлол ман.
Ман вориси арзандаам,
Пайки нишоту хандаам.
Дар осмони кишварам,
Як ахтари тобандаам.
Ҳамсоли Истиқлол ман,
Ҳамболи Истиқлол ман.
Лутфу вафову исматам,
Як духтари хушқисматам,
Як навниҳоли орзу
Аз боғи сабзи Ваҳдатам.
Ҳамсоли Истиқлол ман,
Ҳамболи Истиқлол ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё