Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Як замоне гуфта будӣ,
Сурататро ман ба зери куллиёти шоирон
ҷо кардаам,
Хуб донистам, к-аз ин пас,
Бори вазнини бузургонам ба дӯш аст,
Ман надонистам, ки тақдири қаламрон,
Ҳамчу нақши рӯи дафтарҳо сиёҳ аст,
Гарчи шоир бегуноҳ аст...

Хуб, бигзорем инро...
Аввалин ҳарфе, ки мегӯям ман андар остонат,
Ё илоҳ аст,
Дӯст, эй дӯст,
Хонаи ту хонақоҳ аст,
Аз хати сабз
Рӯи пурнури ту Қуръони нигоҳ аст.

пешина
аз 76
навбатӣ