Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

БАҲОР

Ба кӯчаҳои сокити пур аз малол
Ту омадӣ, Баҳор?
Баҳори роздони ман,
Дугонаи азизу меҳрубони ман!

Бубин, Баҳор,
Дигар касе ба шаҳри ман сафар намекунад,
Таронаҳои содаам касе зи бар намекунад
Ва духтаре ба шавку нозу дилбарӣ
Гуле ба фарқи сар намекунад...

Бирав, Баҳор,
Бирав, ки ҷодаҳои шаҳри ман пур аз ғаманд
Ва боғҳои ғарқи гул,
Пур аз шукуфаҳои мотаманд...
Тарона ку?
Фасона ку?
Нигоҳи ошиқона ку?
Ба зери сояҳои зулфи тобдори ман,
Адои пурфусуни дилбарона ку?

пешина
аз 76
навбатӣ