Зеҳн
Баҳор боз меояд...

Маҷмӯаи шеърҳои Робия Холмирзо мебошад, ки таронаҳои муосири зиндагиро дар бар мегирад. Шеърҳо аз дили саршори меҳру муҳаббати шоира берун омада, гармиву рӯшноиро ба дили хонандагон интишор медиҳанд.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 76 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ЛОЛАИ БОМӢ...

(ба Марзияи азиз)

Ману ту — мурғакони кӯчии шаҳр
Омадем аз диёрҳои ишқ,
Фориғ аз ваҳшати хазон будан
Бо умеди баҳорҳои ишқ.

Шаҳпари орзӯи мо афсус,
Болаки қумрии ҳавас будӣ,
Бишикаст аз шамоли нокомӣ
Лонамон низ хору хас будӣ....

Боядо, боядо сафар кардан
З-ин ҳавасхонаҳои нокомӣ.
Лолаи шаҳр — лолаи маснуъ,
Ману ту лола, лолаи бомӣ...

Зодрӯзат муборак, эй хоҳар,
Шод дар олами ҳавас бошӣ!
Чӯҷаҳоят ба зери болат гарм,
Худ зи покӣ нишона, бас бошӣ!

пешина
аз 76
навбатӣ