Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
афсона завқи зиёд дошт, маро ба рафтани хонаи кампир ҳидоят мекард. Корҳои майда-ҷуйдаи бибиро зуд иҷро мекардему болои суфа нишаста хоҳиш менамудем, ки афсона бигӯяд. Мо афсонаҳои қадимаи "Шоҳу гадо", "Чилдухтарон", "Меҳргиёҳ", "Бобои насиҳатгар", "Кони зар", "Гурги бекор", "Рӯбоҳи ҳиллагар", "Бозубанд", "Офтобаи тиллоӣ", "Писари шоҳ" ва ғайраро аз Маъсумабибӣ ёд гирифтаем. Ӯ ба оне, ки афсонаро бехато мазмунан мегуфт, ду дона қурутча ва як қаллақанди хурд тӯҳфа мекард. Мирзоҷон баробари як бор шунидани ҳар афсона онро бе мушкилӣ айнан такрор менамуд ва дар санҷиши қувваи ҳофиза ӯ мудом ғолиб меомад.
Таъсири афсонаҳои Маъсумабибӣ ё ягон омили дигари худодод буд, ки дар байни мо кӯдакони гузар Мирзоҷон аз ҳама зиёд афсона медонист. Ҳамин ки аз ҳавлӣ ба кӯча мебаромад, кӯдакони гузар гирдаш мекарданд, то ки ягон афсонаи шавқовар бигӯяд. Борҳо шунидаам, ки ин кампир ба тағоям Усто Гурсун мегуфт: - Усто бачета тарбия кун, аз вай муллои зӯр мебарояд.
Ҳамин тавр, дар камолоти Мирзоҷон саҳми Маъсумабибӣ низ хеле калон аст. Бинобар ин ҳар боре, ки шоир ба Қаратоқ оянд, ҳатмӣ аз ин пиразан дуои нек мегирифтанд.
Мирзоҷон дар кӯдакӣ як одати хуби дигар дошт. Либосро озода мепӯшид ва озода мегашт. Ба мисли дигар кӯдакон дар хок чӯлида намешуд. Хокбозию ҳарсаворӣ мекард ҳам, дар либоси ӯ доғ ё гардеро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё