Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдуҷалил
Раҳимов

Сӯҳбати мо бо сокини гузари Чармгарии деҳ, аммабачаи шоир шодравон бобои Абдуҷалил 29 сол қабл сурат гирифта буд. Номбурда дар бораи устод Мирзо Турсунзода, саргузашти ӯ, мулоқоту вохӯриҳояш бо ҳамдеҳагон, даврони наврасию кӯдакии шоир қиссаҳои мароқангез кард ва банда гуфтаҳояшро ба пуррагӣ дар ёд гирифта будам, ки алъон порае аз он пешкашатон мегардад.

Мирзоҷон барвақт дар синни 9-солагӣ аз модар маҳрум шуда буд. Дар гузари Чармгарӣ мо бо тағям усто Турсун ҳамсояи девордармиён будем. Модарам (аммаи Мирзоҷон) ҷиянашонро бисёр навозиш мекарданд, то ки бе модар будани худро ҳис накунад. Аз халтачаҳои овезони хона каллақанду қурут, мушт-мушт себқоқу тутмавиз медоданд. Бачаи дидадарову камгап буд Мирзоҷон.

Дар ҳамсоягии тағям усто Турсуни дуредгар пиразани яккаю танҳо Маъсумабибӣ Муқимова зиндагӣ мекард. Бандаву Мирзоҷон бисёр вақт ба корҳои хонаи ӯ кӯмак мерасондем. Аз дарё об меовардем, селобаҳои аз соҳил ҷамъ кардаи ӯро ба ҳезумхона медаровардем. Кампири доно буд Маъсумабибӣ. Афсонаву қиссаҳои бешумор медонист. Ӯ афсонагӯяки мо буд. Мирзоҷон, ки ба шунидани

пешина
аз 28
навбатӣ