Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.
Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа
ҳарчанд саводи хаттӣ надошт, вале шеъру ғазалҳои зиёди Ҳофизу Бедилро азёд медонист. Мақолу зарбулмасал, суханрезаҳои ҳикматомези фаровонро дар хотир нигоҳ медошт ва дар мавридаш истифода мебурд. Ӯ бо маслиҳати бародараш Қорӣ Розиқ (қории Қуръон) бо умеди дар оянда донишманд гардиданаш ба тифли навзод Мирзо ном мениҳад. Ва дар 4-солагӣ бо ҳамин орзуи ширин ӯро барои сабақгирӣ ба назди муллои беҳтарини деҳа мебарад ва Мирзо аз худ истеъдоду ғайрати фавқулодда зоҳир намуда, дар муддати кӯтоҳ хондану навиштанро ёд мегирад. Ана, ҳамин сабақҳои аввалин ба Мирзо дар мактаби кӯҳнаи Қаратоқ заминаи хуб мегардад. Ӯ ҳар вазифаю супориши домуллоро сари вақт иҷро карда, дар байни шарикдарсон чун шогирди фаъолу пешқадам эътироф мегардад...
Вале ҳамон солҳои дар мактаби кӯҳна таҳсил кардани Мирзо ба сари мардуми Қаратоқ боз як балои ногаҳонии дигар меояд, ки ба зиндагии бе ин ҳам мушкили мардум мушкилии нав зам менамояд. Аз ибтидои соли 1917 то охирҳои соли 1920 дар Қаратоқ ва деҳоти атрофи он: Аршию Пушти Миёна, Патрую Сабургон, Шунуку Бедхун, Абдую Лабиҷӯй, Шӯрхоку Хӯшбулок, Наълбеку Мӯъминобод касалии даҳшатангези вабо паҳн мешавад. Ва бар асари ин беморӣ хусусан мардуми Қаратоқ бештар талаф меёбанд. Тибқи иттилои сарчашмаҳо чанд нафар аз аҳли адабу фарҳанги деҳ, аз ҷумла шоирому

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё