Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ХОТИМА

Ё МУҲИТИ ТИФЛИИ МИРЗО

То ба амал омадани зилзилаи даҳшатбори соли 1907 Қаратоқ дар Бухорои Шарқӣ шаҳри сераҳолӣ ва тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Навъҳои ҳунармандӣ: кулолгарию бофандагӣ, оҳангарию дуредгарӣ, чармгарӣ ва ғайра дар рушду ривоҷ буд. Бо ибораи ҷуғрофидони бухорӣ, шоир Муҳаммадсодиқи Гулшанӣ, ки дар асараш "Таърихи ҳумоюн" овардааст, бар асари зилзила дар Қаратоқ 24 маҳаллаву гузар ботамом маҳв гардида, беш аз 15 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳалокат расиданд. Ва ин ду байт ифодагари авзои онвақтаи Қаратоқ аст:

Замин дар ларза омад, чил шабу чил рӯз пайваста,
Ба шаҳр не коху айвон монд, не дӯкону не раста.
На масҷид монд, не саҳлав, не пештоку на васса,
Ҳалоиқ беадад мурданд, аз ин асрори сарбаста...

Аз ҳамин офати даҳшатбор зани аввали Усто Турсуни дуредгар мефавтад. Баъди якуним сол усто аз Қаратоқ ба Холбибӣ ном духтари хушсурату зебо хонадор мешавад.

Он замон Усто Турсун дар гузари Чармгарӣ зиндагӣ мекард. Ана дар ҳамин гузар баъди расо 4-соли зилзила дар оилаи ӯ тифле ба дунё меояд.

пешина
аз 28
навбатӣ