Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба дуродур парвоз кард. Пас пиёлаи чои кайҳо хунукшудаи хешро ба лаб бурда, беихтиёр шоҳбайти зеринро ба забон овард:

Кӯдакиҳоям ба ёд ояд, дилам гум мезанад,
ЯК дами тифлона бо умре баробар будааст.

Ва баъди қироати ин шоҳбайт онро каме шарҳ
дод.

  • Давраи тифлию наврасӣ айёми ширину гуворои умр бошад ҳам, мо аз он чандон лаззат набурдем, додар. Чаро ки барвақт бо мушкилоти зиндагӣ рӯ ба рӯ шудем, замона нотинч буд. Барои дарёфти ризку рӯзӣ, кути лоямуте мо кӯдакони наврас низ дар қатори мардони калонсол аз субҳ то шом ҷон мекандем.
    Хонаводаи мо интизор буданд, ки кай бобоям аз Душанбе орд мефиристад. Борҳо шуда буд, ки орди фиристодаи ӯро роҳзанон ба яғмо бурданд. Хайр, ҳазорон бор шукр, ки ҳамаи мушкилоти он замон пушти сар шуд ва мо ба замони серию пурӣ расидем.
    Мебахшед, додар қиссаи Душанбе рафтани мо як сӯ монду банда риштаи сӯҳбатро дигар ҷониб бурдам.
    Душанбеи солҳои 30-ум дар ҳақиқат нообод, кӯчаҳояш пурчангу лой буданд. Танҳо кӯчаи марказӣ (хиёбони Исмоили Сомониро дар назар дорад. Ф.Ш.) сангфарш буду халос. Дар Қаратоқ шунида будам, ки ана дар ҳамин кӯча бобоям осиёбе дорад. Баъди дар сар пайдо шудани ин фикр ба Мирзову Муҳаммадӣ нигариста хурсандона гуфтам:
  • Бачаҳо ҷои хоб ҳам пайдо шуд. Ба осиёби бобои ман
пешина
аз 28
навбатӣ