Зеҳн
Солҳое, ки ман ҷавон будам...

Китоби мазкур хотираҳои дӯстон ва ҳамсабақони айёми наврасии устод Мирзо Турсунзодаро дар бар мегирад. Он ба муносибати 100-солагии шоир ба нашр расидааст.

Агенти Зеҳнӣ · 16 октябри 2026 · 28 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

наздикиҳои шом ба соҳили дарёи Душанбе расидем. Ҳарчанд ба чор тараф назар кардем, дар ягон ҷо кӯпруке (пуле) дида намешуд. Дар соҳил чанд нафар ҷамъ шуда, интизори аз дарё гузаштан буданд. Ҳамин дам аспакие омада монд. Марди беҳолу бемадоре ба ӯ қанчуға шуда, аз зӯрии дард паст-паст нола мекард. Ва ин аспакӣ рост назди мо омада, гӯё ки балад бошем, суроғаи беморхонаи ҳарбиро пурсид. Дар ҷавоб гуфтем, ки аввал моро аз дарё гузаронад, баъд суроғаи беморхонаро гап мезанем. Аспакӣ розӣ шуд. Беморро он сӯи соҳил гузаронду ба ҷониби мо баргашт. Ӯ аввал Мирзо, сипас ману Муҳаммадиро то канори муқобили дарё расонд. Баъди он сӯи соҳил гузаштан ман як хонаи сафеди аз дур намоёнро нишон дода, ана ҳамон духтурхона аст гуфтаму андак хиҷолат кашидам. Чаро ки дурӯғ гуфтам. Вале бо як фикри кӯдакона худро боз тасаллӣ додам. Дар Қаратоқ он солҳо танҳо бинои навташкили духтурхонаро сафед мекарданд. Хуллас, аспакӣ ҷониби он хонаи сафед аспро қамчин заду мо се нафар дар андеша будем, ки ба куҷо равем. Мо ки мақсади дар интернат таҳсил карданро доштем, дар кадом самти Душанбе будани онро намедонистем. Роҳравон аз чанд нафар суроғаи интернатро пурсидем. Вале ягон кас суроғаи таълимгоҳро намедонист.

Бобои Абдураҳим ин ҷо боз аз ҳиссагӯй боистод. Ришашро ҳилол карда, ба равиши дарё нигарист. Бо таъбире об чашмашро бурд магар, ки аз мавҷи рӯд дида намеканд. Дар ҳар сурат мурғи фикру хаёлаш

пешина
аз 28
навбатӣ