Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

МаорифМаърифатОила
Аз аввал хондан
  1. Асбобҳои хонишашро аз назар гузаронед. Агар дар ҷуздони фарзандатон асбоби зиёдатӣ пайдо шавад, донед, ки аз рафиқаш дуздидааст. Пурсед, “ёфтам”,- мегӯяд, ки ин дурӯғ аст. Агар ягон ашёи хонишаш набошад, “гум кардам, дуздиданд”,- мегӯяд. Аз паяш шавед. Гап дар қиммати як ручкаю як дафтару чанд қалам нест. Кӯдак одат мекунад. Бо омӯзгораш алоқа кунед, ҳамааш муайян мешавад ва ё якҷоя аниқ карда, ҳам одати бадро пешгирӣ менамоед, ҳам ба рӯҳияи сариштакорию эҳтиёт кардан кӯдакро тарбия мекунед.

  2. Донед, ки аз рӯзи аввал раванди таъсиррасониро аз даст додед, минбаъд онро ба даст гирифтан душвор мешавад.

  3. Синфи якум хусусияти хос дорад. Кӯдак бояд ба мактаб одат кунад. Агар рӯзе аз мактаб гурезаду сабабашро муайян накунед, пешгирӣ нанамоед, тарбияи кӯдакро аз даст медиҳед.

  4. Шароити оддии дарстайёркунии фарзандатонро омода созед. Дар ҳар хона як курсию миз пайдо кардан мумкин аст. Агар набошад бо пораи тахтае дар гӯшаи хона онро созед. Бигзор китобу дафтар ва ашёҳои хонишашро доимо он ҷо гузорад. Ба тартиби гузаштани ашёҳои хониш аҳамият диҳед. Як-ду маротиба худатон ҷо ба ҷо карда нишон диҳед ва сипас бо оромӣ талаб кунед, ки ҷо ба ҷо кунад. Шумо назорати доимиро фаромӯш накунед. Бача як одат кунад, дигар ҳоҷати такрор намемонад. Танҳо гоҳ-гоҳе назорат кардан лозим асту халос.

пешина
аз 23
навбатӣ