Зеҳн
Фарзанди хуб - боғи падар

Дар китобча тавсияҳо барои падару модарон гирд оварда шудаанд, ки барои таълиму тарбияи фарзанд муфиданд. Китоб ба волидайн кӯмаки амалӣ мерасонад.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 23 саҳифа

ОилаМаорифМаърифат
Аз аввал хондан

Фарзанди хуб — боғи падарӣ

  1. Фарзатон мактабхон шуд. Бо мактаб алоқа кунед. Ақаллан ҳафтае, набошад ҳар моҳ як бор ба мактаб равед. Дар дарсаш иштирок намоед.

Агар вақт надоред, бигзор ин корро модараш, бибияш, бобояш ё ягон шахси дигар ба уҳда гирад. Шарт он ки шахси мутасаддӣ ба вазифааш ҷиддӣ машғул шавад.

  1. Аз синфи якум кӯдакро одат кунонед, ки ӯ зери назорати доимӣ аст. Коҳилӣ ва танбалӣ накунед. Ҳар рӯз вақт ёфта дафтарашро бинед. Вақти бисёреро намегирад: ҳамагӣ панҷ дақиқа кофист. Агар ба дафтардарронӣ, ифлоснависӣ одат кунад, оянда ислоҳ кардани он душвор мешавад. Агар саҳве карда бошад, овоз баланд накарда, дӯғ назада, ҷазои ҷисмонӣ надода, ором фаҳмонед. Такрор ба такрор бошад ҳам, ҳатман бо муаллимаш вохӯред ва бо маслиҳати якҷоя кор баред.

  2. Бо либоспӯшии фарзандатон аҳамият диҳед. Баъзе кӯдакон дар як рӯз либосашонро ифлос карда меоянд. Агар моҳияти либоси тозаро фаҳмонед, бо кадом маблағу машаққат харидорӣ намудани либосро дарк намояд, эҳтиёткор ва тозапӯш мешаванд.

Одат кунонед, ки фарзандатон ҳатман баробари аз мактаб баргаштан либосашро иваз кунад ва дар ҷойи махсус овехта монад. Ин одати якумра хоҳад шуд.

пешина
аз 23
навбатӣ