Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан
  • «Усулҳои идоракунии селаҳои пулии ташкилот»;
  • «Намудҳо ва сохтори селаҳои пулии».
  1. Ҷавоб додан ба саволҳои тестӣ.
  2. Тартиб додани луғат доир ба мавзӯъ.

Саволҳои санҷишӣ:

  1. Мазмуни идоракунии селаҳои пулии ташкилотро шарҳ диҳед.
  2. Селаҳои пулӣ чист?
  3. Намудҳо ва сохтори селаҳои пулиро тасниф намоед.
  4. Вазифаҳо ва марҳилаҳои таҳлили селаҳои пулиро номбар кунед.
  5. Таркиби таҳлили ҳисобот оид ба гардиши маблағҳои пулӣ номбар кунед.

Тест

  1. Ба таркиби воситаҳои пулие, ки дар активҳои гардон ба ҳисоб гирифта мешаванд, инҳо шомил мегарданд:
    А) хазина; В) суратҳисоб; С) суратҳисоби асъорӣ; D) воситаҳои молиявии кӯтоҳмуддат; Е) ҳама ҷавобҳо дурустанд.
  2. Даромади муҳосибавӣ аз фурӯши маҳсулот ё хизматрасонӣ дар ҳамин давра, ки шакли пулӣ ва ҳам ғайрипулии даромадро инъикос менамояд:
    А) гардиш; В) захираҳо; С) молия; D) дивиденд; Е) маблағи фурӯш.
  3. Фарқи байни даромадҳои баҳисобгирифта аз фурӯш ва хароҷоте, ки барои маҳсулоти бафурӯшрафта карда шудааст:
    А) фоида; В) молия; С) гардиш; D) қарз; Е) фоиз.
  4. Маҷмӯи воридоту пардохтҳои воситаҳои пулӣ дар давраи муайяни вақт мебошад, ки аз фаъолияти хоҷагидории он гирд омадаанд:
    А) тавозуни пардохт; В) селаҳои пулӣ; С) гардиши пулӣ; D) амалиётҳои тиҷоратӣ; Е) хароҷоти буҷетӣ.
  5. Аз лиҳози самти ҳаракати воситаҳои пулӣ ду намуди асосии селаҳои пулиро ҷудо мекунанд:
    А) мусбӣ ва манфӣ; В) соф ва умумӣ; С) барзиёд ва касрӣ; D) ҳозира ва оянда; Е) мунтазам ва дискретӣ.
  6. Вобаста ба бефосилагӣ дар давраи баррасишаванда намудҳои зерини селаҳои пулии корхонаро фарқ мекунанд:
    А) ҳозира ва оянда; В) мунтазам ва дискретӣ; С) барзиёд ва касрӣ; D) мусбӣ ва манфӣ; Е) соф ва умумӣ.
пешина
аз 151
навбатӣ