Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

хусусӣ на танҳо ба таҷриба ва тахассуси менеҷерҳо, балки ба сифати иттилооти ибтидоӣ низ вобаста аст. Аз иттилооти молиявӣ дар ҳаҷми пурра танҳо роҳбарияти корхона метавонад истифода кунад. Ҳама гурӯҳҳои дигари истифодабарандагон амалан фақат аз иттилооти оммавӣ истифода баранд.

Таҳлили молиявӣ имкон медиҳад:

  • тағйироти нишондиҳандаҳои вазъи молиявии корхона ошкор карда шаванд;
  • омилҳое, ки ба вазъи молиявии корхона таъсир мерасонанд, муайян карда шаванд;
  • ҳолати молиявии корхона барои санаи муайян арзёбӣ карда шавад;
  • тағйироти миқдорию сифатии вазъи молиявии корхона арзёбӣ карда шаванд;
  • тамоюлоти тағйири вазъи молиявии корхона муайян карда шаванд.

Таҳлили молиявӣ дар корхона аз баргузории пайдарпайи навъҳои зерини таҳлил иборат аст:

  1. Арзёбии умумии вазъи молиявии корхона ва тағйироти нишондиҳандаҳои мутлақ дар давраи ҳисоботӣ; 2. Таҳлили серхаридории корхона; 3. Таҳлили гардишнокии дороиҳо; 4. Таҳлили фоидаоварӣ; 5. Таҳлили қобилияти пардохт; 6. Таҳлили фаъолияти бозорӣ; 7. Арзёбии муфлисии эҳтимолӣ.

Мақсади асосии таҳлили молиявӣ ошкор намудани рақамҳоест, ки вазъи молиявии корхона, фоида ва зарарҳо,
тағйирот дар таркиби сармояи он, дар ҳисоббаробаркунӣ бо қарздиҳандагону дебиторонро инъикос менамоянд. Аммо мақсади мушаххаси таҳлили молиявӣ ба вазифаҳои субъектони таҳлили молиявӣ вобастагӣ дорад.

Вазифаи таҳлили молиявӣ тавсифи вазъи ширкат дар замони ҳозира ва ҳолати тағйирёбии он, муайян намудани он аст, ки кадом нишондиҳандаҳои фаъолияти корхона қобили қабуланд ва яъне, бояд дар ҳамон сатҳ нигоҳ дошта шаванд ва кадомашон ғайриканоатбахшанду тасҳеҳи фавриро металабанд.

Функсияҳои асосии таҳлили молиявӣ инҳо мебошанд:
• арзёбии объективӣ ва вазъи молиявӣ, натиҷаҳои молиявӣ, самаранокии ва фаъолнокии кории объекти таҳлил;

пешина
аз 151
навбатӣ