Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

МолияИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мавзӯи 4. АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ТАҲЛИЛИ МОЛИЯВӢ

4.1. Мазмун ва аҳамияти таҳлили молиявӣ
4.2. Ҳисоботи молиявии корхона ҳамчун заминаи иттилоотии таҳлили молиявӣ
4.3. Таҳлили натиҷаҳои молиявии фаъолияти корхона

4.1. Мазмун ва аҳамияти таҳлили молиявӣ

Таҳлили молиявӣ қисми таркибии менеҷменти молиявӣ ва аудит мебошад. Бидуни маълумот дар бораи усулдиҳии таҳлили молиявӣ қабул намудани қарор оид ба идораи сармоя, коҳиш додани хатари молиявӣ аз имкон берун аст. Мақсади гузаронидани таҳлили молиявӣ ин гирифтани маълумотест, ки барои қабулкунии қарорҳои идоравӣ зарур мебошад.

Вазъи молиявии корхонаро маҷмӯи нишондиҳандаҳое тавсиф менамоянд, ки раванди ташаккул ва истифодабарии захираҳои молиявии онро инъикос мекунанд. Дар иқтисоди бозорӣ вазъи молиявии корхона натиҷаҳои ниҳоии фаъолияти онро инъикос менамояд. Ин натиҷаҳо на танҳо барои менеҷерону соҳибмулкони худи корхона, балки барои шарикони фаъолияти иқтисодии он, мақомоти давлатӣ, молиявӣ, мақомоти андоз ва дигар инструментҳо аҳамиятнок мебошанд.

Яъне, ба ҳайси субъектони таҳлили молиявӣ соҳибони воситаҳои корхона, менеҷерҳо, қарздиҳандагон, таҳвилгарон, муштариён (харидорон), мақомоти андоз ва ғайраҳо баромад мекунанд.

Барои соҳибмулкон, аз ҷумла саҳмдорон, донистани боздиҳи маблағи ба корхона гузошташуда, фоидаоварии корхона, инчунин дараҷаи хатари иқтисодӣ зарур аст.

Барои менеҷерҳои корхона ва дар навбати аввал менеҷерони молиявӣ арзёбии самаранокии қарорҳои қабулнамуда, захираҳои зимни фаъолияти хоҷагӣ истифодашаванда ва натиҷаҳои молиявии бадастомада муҳим аст.

Қарздиҳандагон ва сармоягузорон ба имконияти бозгардонии қарзҳо ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аҳамият медиҳанд.

Барои таҳвилгарон (молрасонҳо) баҳои пардохти нархи маҳсулот таҳвилкардаашон муҳим аст.

Таҳлили молиявӣ-ҳуқуқии мустаснои зинаи олии идоракунии корхона мебошад, вале самаранокии ё бесамарии қарорҳои идоравӣ

пешина
аз 151
навбатӣ