Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётМолия
Аз аввал хондан

А) идоракунии захираҳо; В) таҳлили сармоягузорӣ; С) банақшагирии молиявӣ; D) аудити дохилӣ; Е) моделсозии математикӣ;
5. Қисми таркибии нақшаи молиявие, ки ҳамаи даромадҳо ва хароҷотҳои маблағҳои фаъолияти молиявии корхонаро инъикос мекунад, ин:
А) семоҳа; В) буҷет; С) сармоя; D) тендер; Е) дороиҳо.
6. Қисми таркибии буҷет, ки дар шакли ҳисоби нақшавӣ пешниҳод мегардад, талаботи ташкилот ба захираҳои пулии барои даври оянда муайян месозад:
А) пассивҳо; В) дороиҳо; С) уҳдадориҳо; D) хароҷотнома; Е) тавозун.
7. Технологияи банақшагирии молиявӣ, баҳисобгирӣ ва назорати даромадҳо, хароҷотҳо ва натиҷаҳои молиявии корхона, ин:
А) мутобиқсозӣ; В) танзимкунӣ; С) буҷетикунонӣ; D) моделсозӣ; Е) ояндабинӣ.
8. Муқаррар намудани муҳлати ворид гардидани маблағҳои пулию қарзӣ ва пардохтҳои корхона ва ихтиёрдории онҳо ба иҷрокунандагони мушаххас дар шакли супоришҳои нақшавӣ, ин:
А) захираҳои молиявӣ; В) тавозуни пардохтӣ; С) раванди буҷетӣ; D) таъминоти иттилоотӣ; Е) тақвими пардохтӣ.
9. Маҷмӯи буҷетҳоест, ки бар муносибатҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ ва сохти таркибии корхона асос ёфта, бо ҳуҷҷатҳои дохилии он танзим карда мешавад:
А) таҳлили безарарии корхона; В) сиёсати қарзии корхона; С) нақшаҳои истеҳсолии корхона; D) низоми буҷетии корхона; Е) таҳлили захираҳои молиявӣ.
10. Маҷмӯи се буҷети асосии ба ҳам алоқаманди ташкилот ҳамроҳ бо маҷмӯи буҷетҳои амалиётӣ ва ёрирасон мебошад, ки барои таҳияи он заруранд.
А) модели буҷетӣ; В) тавозуни интиқолӣ; С) хароҷотнома; D) нақшаи молиявӣ; Е) низоми буҷетӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ