Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

• ошкор намудани омилу сабабҳои вазъи бадастомада ва натиҷаҳои ҳосилшуда;
• омодасозӣ ва асосноккунии қарорҳои идории қабулшаванда дар соҳаи молия;
• ошкор намудан ва ба кор андохтани захираҳои беҳсозии вазъи молиявӣ ва натиҷаҳои молиявӣ, афзоиши самараи фаъолияти хоҷагӣ.
Таҳлили молиявиро ба намудҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  1. Аз рӯи манбаи иттилоот:
  • таҳлили молиявии дохилӣ – таҳлили молиявиро кормандони корхона мегузаронанд;
  • таҳлили молиявии берунӣ – таҳлили молиявиро шахсоне мегузаронанд, ки дар корхона кор намекунанд.
  1. Аз рӯи самти таҳлил:
  • таҳлили таърихӣ – таҳлили иттилооти молиявии гузашта;
  • таҳлили оянда – таҳлили нақшаву пешгӯиҳои молиявӣ.
  1. Аз рӯи тафсил:
  • таҳлили зуданҷом – гузаронидани таҳлил аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии молиявӣ;
  • таҳлили муфассали молиявӣ – аз рӯи тамоми нишондиҳандаҳо гузаронида шуда, тавсифи пурраи корхонаро медиҳад.
  1. Аз рӯи хусусияти баргузорӣ:
  • таҳлили ҳисоботи молиявӣ – таҳлил аз рӯи маълумоти муҳосибот;
  • таҳлили сармоягузорӣ – таҳлили сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои каппаталӣ;
  • таҳлили техникӣ – таҳлили ҷадвали нархи коғазҳои қиматноки ширкат;
  • таҳлили махсус – таҳлил бо супориши махсус.
    Самтҳои баргузории таҳлили молиявиро ба 3 қисм ҷудо кардан мумкин аст:
  1. натиҷаҳои молиявии фаъолияти корхона бо ҳолати тағйирёбӣ, фаъолнокии кории он; 2) вазъи молиявӣ (серхаридорӣ ва қобилияти пардохткунӣ)-и корхона ва устувории молиявии он; 3) таҳлили молиявии захираву соҳаҳои воситаҳои молиявӣ.
пешина
аз 151
навбатӣ