Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Барои лоиҳаи нав пешгӯии сели пулӣ метавонад муҳимтар аз пешгӯии фоида бошад, чунки дар он ҳаҷм ва вақти максималии воридот ва пардошти пул муфассал баррасӣ карда мешаванд. Одатан сатҳи фоида, бахусус дар солҳои нахустини ба амал баровардани лоиҳа, зимни баррасии эҳтиёҷоти молиявии бевосита нишондиҳандаи муайянкунанда нест. Гузашта аз ин, даромадҳо, чун қоида, дар баъзе муддатҳои вақт аз хароҷот бештар нестанд. Пешгӯии сели пулӣ маҳз ҳамин шароитҳоро ошкор мекунад. Пешгӯии сатҳи ба нақша гирифтаи фурӯш ва ҳарҷи сармояро ба ин ё он давра гузаронида, зарурат ва замони маблағгузории иловагиро таъкид ва талаботи ҳадди аксарро ба сармояи корӣ муайян мекунад. Маъмурият тасмим мегирад, ки ин таъмини иловагӣ чӣ тавр бояд ба даст оварда шавад ва дар кадом муҳлату ба чӣ тарз маблағҳо баргардонида шаванд.

Агар лоиҳа дар соҳаи мавсимӣ ё даврӣ (сиклӣ), ё дар соҳае таҳия карда шавад, ки миёнаравон аз корхонаи нав қабл аз фурӯши маҳсулот ва омадани фоидаи он пардохти нақдро мехоҳанд (ё сохтмони капиталӣ лозим аст), пешгӯии сели пул омили муҳимтарини барои қабули қарор дар бораи идомаи кор мегардад. Пешгӯии муфассал, ки барои роҳбарият фаҳмо ва коромад аст, метавонад барои ҷалби таваҷҷуҳ ба лоиҳа кумак расонад, сарфи назар аз буҳронҳои пулие, ки бояд пешгирӣ карда шаванд.

Вақте ки сели пул ташаккул дода шуд (масалан, дар сурати кам ҷамъ шудани маблағ ё зимни коҳиши эҳтимолии фурӯш), ихтилофи миёни талаботи пулӣ ва қонеъгардонии онро муҳокима бояд кард.

Банақшагирии талабот дар сармояи гардон. Дар корхона истифодаи сармояи асосӣ ва ҳам гардонро ба нақша гирифтан зарур аст. Омили муҳими банақшагирии истифодаи сармояи гардон банақшагирии вақти даромад ва хароҷот мебошад. Сармояи гардони корхона бояд аз замони оғози истеҳсол то пардохти нархи маҳсулот аз ҷониби истеъмолгар, хароҷотро пӯшонад.

Банакшагирии талабот дар сармояи асосӣ. Бо мурури инкишофи корхона дастгоҳҳо хӯрда мешаванд, технология тағйир меёбад, биноҳо, таҷҳизот, компьютерҳои нав лозим мешаванд. Бисёр вақт муҳлати харидани сармояи асосӣ хеле дароз аст.

Ин маънои онро дорад, ки банакшагирии молиявиро ба раванди банакшагирии стратегии корхона ҳамроҳ кардан лозим аст. Агар корхона хоҳиши ишғоли бозорҳои наву тавсияи истеҳсоли маҳсулоти навро дошта бошад, он бояд нисбати талабот ба сармоя дар раванди таҳияи нақшаҳои дарозмуддати маркетинг ва пажӯҳишҳои асосии

пешина
аз 151
навбатӣ