Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа
истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд.
Банақшагирии хароҷоти мустақим барои масолеҳ. Бояд харҷномаи хароҷоти мустақим барои масолеҳ тартиб дода шавад, то муайян гардад, ки чӣ миқдор масолеҳ лозим асту чӣ миқдор вобаста ба тақозои истеҳсолот бояд харида шавад. Миқдори масолеҳе, ки бояд харид, ба хароҷоти оянда ва захираҳои мавҷудаи он вобастагӣ дорад.
Харҷномаи хароҷоти мустақим барои музди меҳнат. Дар нақшан истеҳсолӣ замина барои омодасозии сметаи хароҷот барои музди меҳнат вуҷуд дорад. Барои ҳисоб кардани хароҷоти мустақими меҳнат ҳаҷми банақшагирифтаи истеҳсолро барои ҳар давра ба миқдори соатҳои коре, ки барои истеҳсоли як воҳиди маҳсулот зарур аст, зарб бояд кард. Сипас натиҷа ба арзиши хароҷоти мустақими меҳнат барои як соат зарб карда мешавад, ҳосили ин зарб хароҷоти буҷетӣ барои пардохти музди меҳнат мебошад.
Харҷномаи хароҷоти умумии иловагӣ. Ин рӯйхати тамоми хароҷоти умумии иловагӣ мебошад, ба ғайр аз хароҷоти мустақим барои масолеҳ ва музди меҳнат, ба монанди истеҳлок, андоз аз амвол ва иҷорапулии корхона. Бояд дар хотир дошт, ки истеҳлок харҷи маблағи пулро талаб намекунад, пас, бояд аз харҷномаи хароҷоти умумии иловагӣ тарҳ карда шавад.
Харҷномаи хароҷоти тиҷоратӣ ва маъмурӣ. Номгӯи хароҷоти умумии корхонаҳо дар бар мегирад, ки дар рафти фурӯши маҳсулот ва ташкили фаъолияти соҳибкорӣ масраф шудаанд. Барои тартибдиҳии ҳисоботи пешгӯӣ оид ба фоида ва зарар (фурӯш тарҳӣ хароҷоти тағйирёбанда тарҳӣ хароҷоти доимӣ) хароҷоти тағйирёбандаи тиҷоратию маъмуриро ба ҳар воҳиди маҳсулот рост омадаро ҳисоб бояд кард.
Банақшагирии манбаъҳои даромад. Манбаъҳои зиёди даромади корхона, аз ҷумла даромад аз фурӯши маҳсулот, сармоягузории соҳибмулкони он ва қарз, маълум мебошанд. Вазифаи аввалин аз дарёфтонии манбаи беҳтарин барои ҳар як талабот ва маҳз дар вақти фарорасидани чунин талабот иборат аст.
Усули хеле маъмул ҳангоми банақшагирӣ кунидан «даромади дилхоҳ» мебошад. Татбиқи ин усул аз он сар мешавад, ки соҳибкор муайян мекунад, ки чӣ қадар даромад гирифтан мехоҳад, сипас ҳаҷми фурӯши зарурӣ барои пӯшонидани тамоми хароҷоту таъмини ин даромадро аниқ месозад.
Нақшаи даромаду хароҷот ба пешгӯиҳои зерини асос меёбад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё