Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Дар ин ҷо:
ҲФн – ҳаҷми нақшавии фурӯши маҳсулот;
ЗМТо – маҷмӯи захираҳои маҳсулоти тайёр дар оғози давраи нақшавӣ;
ҶҲИ – маҷмӯи ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти тайёри молӣ;
ЗМТп – маҷмӯи захираҳои маҳсулоти тайёр дар поёни давраи нақшавӣ.

Ҳаҷми нақшавии фурӯши маҳсулот ба фурӯши ба ивази нақд ва бо додани кредити молӣ (тиҷоратӣ) тақсим карда мешавад.
Маҷмӯи нақшавии воридоти маблағҳои пулӣ аз фурӯши маҳсулот бо формулаи зерин ҳисоб карда мешавад:

ВМПд = ҲФно + (ҲФкҷ х КХ) + БНдп

Дар ин ҷо:
ВМПд – маҷмӯи нақшавии маблағҳои пулии воридшуда аз фурӯши маҳсулот дар давраи мавриди баррасӣ;
ҲФно – ҳаҷми нақшавии фурӯши маҳсулот ба пули нақд дар давраи мавриди баррасӣ;
ҲФкҷ – ҳаҷми фурӯши кредитии маҳсулот дар давраи ҷорӣ;
КХ – зариби хазинагузории (инкассация) ҷории қарзи дебиторӣ, ки бо касри даҳрақама ифода шудааст;
БНдп – маҷмӯи маблағи бақияи пештар хазинагузорӣ нашудаи қарзи дебиторӣ (ки бояд дар давраи нақшавӣ хазинагузорӣ шавад).

Ҳисоби маҷмӯи хароҷоти нақшавии амалиётӣ оид ба истеҳсолу фурӯши маҳсулот, бо формулаи зерин анҷом дода мешавад:

Дар ин ҷо:
ҶҲп(ОЗп) – маҷмӯи хароҷоти нақшавии амалиётӣ оид ба истеҳсолу фурӯши маҳсулот;
ХНпi (ПЗpi) – маҷмӯи хароҷоти нақшавии мустақим барои истеҳсоли воҳиди маҳсулот;

пешина
аз 151
навбатӣ