Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

соқитшуда дар рафти ивазкунӣ, фонди сармоягузорӣ ва ғайра) иборат аст.

Нақшаи воридот ва хароҷоти маблағҳои пулӣ Мақсади асосии нақшаи воридот ва хароҷоти маблағҳои пулӣ ин пешгӯии воридоти маҷмӯӣ ва софи маблағҳои пулии корхона барои ҳар намуди фаъолияти он ва таъмини қобилияти доимии пардохт дар ҳама марҳилаҳои давраи нақшавӣ мебошад.

Пешгӯӣ (ояндабинӣ)-и воридоту хароҷоти маблағҳои пулӣ оид ба фаъолияти амалии корхона бо ду тарз амалӣ карда мешавад:

  • аз рӯи ҳаҷми банакшагирифтаи фурӯши маҳсулот;
  • аз рӯи маблағи банакшагирифтаи мақсадноки фонди соф.
    Пайдарпаии ҳисоббаробаркунии нишондиҳандаҳои асосӣ ҳангоми пешгӯии даромад ва хароҷоти маблағҳои пулӣ аз рӯи ҳаҷми банакшагирифтаи фурӯш ҷудо мешавад:
  1. Ҳисоббаробаркунии ҳаҷми фурӯши маҳсулот.

  2. Ҳисоббаробаркунии зариби нақшавии хазинагузории қарзи дебиторӣ.

  3. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи воридоти нақшавии маблағҳои пулӣ аз фурӯши маҳсулот.

  4. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи хароҷоти нақшавии амалиётӣ барои истеҳсол ва фурӯши маҳсулот.

  5. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии пардохти андозҳое, ки аз ҳисоби даромад супурда мешаванд (ва ба нархи маҳсулот зам мегарданд).

  6. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии фонди умумии корхона аз рӯи фаъолияти амалиётӣ.

  7. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии андозҳое, ки аз ҳисоби фонда супурда мешаванд.

  8. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии фонди софи корхона аз рӯи фаъолияти амалиётӣ.

  9. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии хароҷоти маблағҳои пулӣ аз рӯи фаъолияти амалиётӣ.

  10. Ҳисоббаробаркунии маҷмӯи нақшавии маблағи софи фурӯши маҳсулот.

Ҳаҷми нақшавии фурӯши маҳсулот аз рӯи формулан зерин ҳисоб карда мешавад:
ХФп = ЗМТо + ҶХИ – ЗМТп

пешина
аз 151
навбатӣ