Зеҳн
Асосҳои менеҷменти молиявӣ

Китоби мазкур ба омӯзиши масъалаҳои бунёдии менеҷменти молиявӣ бахшида шудааст. Дар он принсипҳо ва усулҳои идоракунии маблағҳо дар корхонаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 15 октябри 2026 · 151 саҳифа

ИқтисодиётМолияИдоракунӣ
Аз аввал хондан

қабили ҳаҷми фурӯш, хароҷот, андозаи фонда ва ғайраҳо дода мешавад.

Пешгӯии шароитҳои ояндавӣ барои муайян намудани муҳити дохилӣ ва берунии фаъолияти корхона лозим аст. Дар асоси ҳисобкунии фаъолияти истеҳсолии корхона барои оянда, инчунин пешгӯиҳои маркетингӣ таҳқиқи бозор, тақозо ва омилҳои дигар, натиҷаҳои молиявии имконпазири оянда пешгӯӣ карда мешаванд.

Гӯзориши вазифаҳои молиявӣ аз муайянкунии ҳаҷми фоида, даромад, ҳаҷми хароҷот ва самтҳои асосии истифодабарии маблағҳо иборат аст.

Интихоби варианти беҳтарин. Дар асоси таҳлили тамоюл ва ҳолати феълии молиявӣ якчанд варианти ҳолатҳои эҳтимолпазири корхона ва вариантҳои беҳтари рушди молияи корхона баррасӣ карда мешаванд.

Таҳияи нақшаи молиявӣ. Нақшаи молиявии корхона дар шакли тавозуни даромаду хароҷоти он таҳия карда мешавад.

Тасҳеҳ, алоқамандӣ ва мушаххасгардонии нақшаи молиявӣ аз алоқаманд кардани нишондиҳандаҳои нақшаи молиявӣ бо нақшаҳои истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сохтмонӣ ва дигар нақшаву барномаҳо, муайян намудани муҳлати мушаххаси амалигардонии онҳо иборат аст. Нишондиҳандаҳои мувофиқашудаи нақшаи молиявӣ ба шуъбаҳои дахлдори корхона ва иҷрокунандагони мушаххас расонида мешаванд.

Иҷрои нақшаи молиявӣ - ин раванди фаъолияти ҷории истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва молиявии корхона мебошад, ки ба натиҷаҳои ниҳоии молиявии он таъсир мерасонад.

Таҳлил ва назорати иҷрои нақша аз муайян намудани натиҷаҳои молиявии ниҳоии фаъолияти корхона, муқоисаи он бо нишондиҳандаҳои нақша, дарёфти сабабу натиҷаҳои фарқият бо нишондиҳандаҳои нақша, омодасозии тадбирҳои оид ба бартарафсозии падидаҳои манфӣ иборат аст.

Объектҳои банақшагирии молиявӣ инҳо мебошанд:
• фоида аз фурӯши маҳсулот ва хизматрасонӣ;
• хароҷоти истеҳлок;
• ҳаҷми активҳои гардон ва афзоиши онҳо;
• захираҳо дар сохтмони капиталӣ;
• пардохтҳо ба буҷет;
• пардохтҳо ба фондҳои ғайрибуҷетӣ.

пешина
аз 151
навбатӣ